Коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари евро
(last modified Tue, 21 Jul 2020 05:14:13 GMT )
Июл 21, 2020 10:14 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари евро

Арзиши евро дар бозори арзи Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ афзоиш ёфт.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, имрӯз 21 июл арзиши ҳар евро баробар бо 11.8058 сомонӣ шуд, дар ҳоле, ки пеш аз ин  арзиши ҳар евро баробар бо 11.7799 сомонӣ буд. Дар ҳамин ҳол, тибқи нархи таъйиншудаи Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши як доллар баробар бо 10.3098 сомонӣ эълом шудааст.

Тамоми мубодилоти арзӣ дар хориҷ аз дафтарҳои бонкӣ дар Тоҷикистон мамнуъ аст.