Шиносоии 46 бемори Ковид-19 бидуни фавтӣ дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард дар 24 соати гузашта 46 бемори ҷадиди Ковид-19 бидуни фавтӣ шиносоӣ шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифз иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то соати 19 имрӯз 21 июли 2020 теъдоди фавтидагон аз бемории Ковид-19 дар кишвар бидуни афзоиш 57 нафар боқӣ мемонад.
Ҳамчунин аз 30 апрел то рӯзи сешанбеи соли 2020 21 июл теъдоди мубталоён ба Ковид-19 дар Тоҷикистон ба 6 ҳазору 967 нафар расида буд,ки то кунун 5 ҳазору 683 нафар (81,5фоиз) аз ин беморӣ дармон шудаанд.
Дар ин гузориш таъкид шудааст,ки дар шабонарӯзи ахир 152 нафар ҳам ба гумони мубтало шудан ба Ковид-19 дар бемористонҳои Тоҷикистон таҳти дармон қарор дошта ва 54 тан пай аз беҳбуд ёфтан мураххас шудаанд.
Бо ин ҳол 1 ҳазор нафар низ, ки ба шакли сабуки бемории Ковид-19 мубтало шудаанд, дар хонаҳои хеш таҳти назорати пизишкон мудаво мешаванд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар 85 маркази дармонии ин кишвар барои муқобила бо вируси корона 7 ҳазору 500 пизишк ва 25 ҳазор парастор фаолият мекунанд.