Эъломи номҳои ду мисрии ихвонии боздоштшуда дар Тоҷикистон
Муовини аввали раиси додгоҳи олии Тоҷикистон номи ду шаҳрванди мисрии бошдоштшуда дар ин кишварро дар парвандаи гуруҳи мамнуаи Ихвонул-Муслиминро эълом кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Шавкат Лутфуллозода гуфтааст,ки Муҳаммад Боюмӣ Ғаним ва Али Иброҳим Мансур Муҳаммад ду шаҳрванди мисрӣ мебошанд,ки ҳамроҳ бо 103 нафар ба иттиҳоми узвият дар гуруҳи мамнуаи Ихвонул-Муслимин боздошт ва муҳокимаи онон дар додгоҳи олии Тоҷикистон оғоз шудааст.
Вай таъкид кардааст,ки Муҳаммад Боюмӣ Ғаним 66 сол дошта аз соли 2004 дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад ва дар донишгоҳи забонҳои Тоҷикистон устоди риштаи забони арабӣ мебошад.
Али Иброҳим Мансур Муҳаммади 61 сола низ дар соли 2008 ба Тоҷикистон омада ва дар донишгоҳи милли забони арабӣ тадрис мекардааст.
Мақомоти додситонии Тоҷикистон мегӯянд,ки ҳамчунин15 шаҳрванди ин кишвар ба иттиҳоми иттилоъ доштан аз фаолияти аъзои гуруҳи мамнуаи Ихвонул-Муслимин ва огоҳ накардани нерӯҳои амниятӣ ва интзомӣ аз ин мавзӯ боздошт шудаанд.
Мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон бори нахуст дар моҳи январи 2020 аз шиносоии 314 нафар ва боздошти 113 тан аз аъзои Ихвонул-Муслимин дар ин кишвар хабар доданд,ки бештари онон устодони забони арабии донишгоҳҳо ва донишкадаҳои давлатии Тоҷикистон буданд.
Фаолияти гуруҳи Ихвонул-Муслимин дар Тоҷикистон бар асоси ҳукми додгоҳи олии ин кишвар ба унвони созмони террористӣ аз соли 2006 мамнӯ аст.