Коҳиши даромад ва мушкили пардохти нафақа дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55691-Коҳиши_даромад_ва_мушкили_пардохти_нафақа_дар_Тоҷикистон
Раиси Ожонси давлатии суғӯртаи иҷтимоӣ ва Фонди нафақаи Тоҷикистон эълом кард: Дар паи густариши корона акнун барои пардохти нафақа мушкил эҷод шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 22, 2020 10:17 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши даромад ва мушкили пардохти нафақа дар Тоҷикистон

Раиси Ожонси давлатии суғӯртаи иҷтимоӣ ва Фонди нафақаи Тоҷикистон эълом кард: Дар паи густариши корона акнун барои пардохти нафақа мушкил эҷод шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, Дилмурод Давлатзода гуфт: Дар шаш моҳи нахусти имсол ба далели шуйюи корона ва таътили бисёре аз касбу корҳо сокинони 53 шаҳру навоҳии Тоҷикистон натавонистанд андоз пардохт кунанд, ки ин муҳим сабаби касри буҷети 193 миллион сомонӣ баробари ҳуқуқи 53 ҳазор нафақахур шудааст.

Вай афзуд: Пардохти андоз 88 дарсади буҷети бахши иҷтимоии вилояти Суғд, 85 дарсади вилояти Хатлон, 88 дарсади шаҳри Душанбе, 96 дарсади вилояти Бадахшон ва 83 дарсади навоҳии тобеи маркази ин кишварро таъмин мекунад.

Раиси Ожонси давлатии суғӯртаи иҷтимоӣ ва Фонди нафақаи Тоҷикистон гуфт: Дар маҷмуъ таи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ мизони нафақаи ақибафтодаи Тоҷикистон ба 212 миллион сомонӣ расида, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 31 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ӯ теъдоди нафақахурон дар кишварро 722 ҳазору 700 нафар эълом кард, ки таи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 22 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.