Июл 22, 2020 18:47 Asia/Dushanbe
  • Омори Ковид - 19 миёни ходимони масоҷид ва кормандони Кумитаи давлатии дини Тоҷикистон

Раиси Кумитаи давлатии дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон аз мубтало шудани 49 нафар аз ходимони масоҷид ва кормандони ин ниҳод ба Ковид -19 хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “ТОП Тҷ”, Сулаймон Давлатзода рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорон дар Душанбе гуфт, як корманди дафтари марказӣ ва шаш масъул ва 14 корманди кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросим дар навоҳӣ, як корманди Маркази исломшиносӣ ва 27 ходими масоҷиди Тоҷикистон ба вируси корона мубтало шудаанд, ки яке аз онон дар ноҳиям Ашт ҷони худро аз даст додааст.

Вай иллати олуда шудани ин афрод ба вируси коронаро бетаваҷҷуҳии онон ба тавсияҳои беҳдоштӣ ва ширкати онон дар маросими азо ва тарҳими фавтидагон бар асари Ковид -19 унвон кардааст.

Сулаймон Давлатзода аз ин ки бо вуҷуди ҳушдорҳои пизишкон ҳанӯз ҳам мардуми Тоҷикистон барои ибрози таслият ба хонаи фавтидагон мераванд, интиқод карда ва хостори он шудааст, ки ин расм ба унвони як одати бад дар шароити густариши вируси корона канор гузошта шавад.