Таъсиси ду шабакаи дигари телевизионӣ то охири соли ҷорӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ду шабакаи нави телевизионӣ ба кор шуруъ хоҳад кард.
Ба гузориши “Спутник”, лоиҳаи ин шабакаҳоро Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, бо вазоратҳои зирают мувофиқа ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ дар ин бора хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, тарҳи ташкили ду шабакаи нави “Илм ва табиат” ва “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” - ро Кумитаи телевизион ва радио омода намуда, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Эҳтимол меравад, ки шабакаи телевизионии “Илм ва табиат” ҳамин моҳ, баъди тасдиқи лоиҳа аз ҷониби Ҳукумат ва шабакаи “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” то охири соли ҷорӣ ба фаъолият шуруъ кунад.
Дар соли 2016 низ ду шабакаи телевизионии “Варзиш” ва “Синамо” дар Тоҷикистон оғоз ба кор карда буд.