Шиносоии 48 бемори Ковид-19 бо як ҳолати фавт дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55703-Шиносоии_48_бемори_Ковид_19_бо_як_ҳолати_фавт_дар_Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард дар 24 соати гузашта 48 бемори ҷадиди Ковид-19 бо як ҳолати фавт шиносоӣ шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 22, 2020 16:19 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 48 бемори Ковид-19 бо як ҳолати фавт дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард дар 24 соати гузашта 48 бемори ҷадиди Ковид-19 бо як ҳолати фавт шиносоӣ шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифз иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то соати 19 имрӯз 22 июли 2020 теъдоди фавтидагон аз бемории Ковид-19 дар кишвар бо як ҳолати фавт ба 57 нафар афзоиш ёфт.  

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар 85 марокизи дармонии ин кишвар барои муқобила бо вируси корона 7 ҳазору 500 пизишк ва 25 ҳазор парастор фаолият мекунанд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар муддати аз 30 апрел то 22 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 7015 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 5741 нафар ё худ 81,8%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар ин муддат шумораи ҳолатҳои фавт аз бемории мазкур дар мамлакат ба 58 нафар расид.