Ифшои ришвахории қозии додгоҳи Тоҷикистон
Июл 23, 2020 12:07 Asia/Dushanbe
Қозии додгоҳи Тоҷикистон ришва дарёфт кард.
Ба нақл аз иттилоияи Ожонси мубориза бар зиди фасоди Тоҷикистон , Зайдуллоҳ Собирзода , қозии пешини додгоҳи шаҳристони Ҳисор аз шаҳрванд Алиф 30 ҳазор сомонӣ ( ҳудуди 3 ҳазор доллар ) барои тахфифи муҷозоти ришва дархост кард.
Собирзода 10 ҳазор сомонӣ аз ин маблағро дарёфт кард вале ҳангоми дарёфти маблағи боқимонда боздошт шуд.
Дар моҳҳои ахир ин дуввумин мавриди ифшои ришвахории қозии додгоҳ дар Тоҷикистон аст.
Пеш аз ин Шараф Турсунзода ,қозии додгоҳи шаҳристони Айнӣ дар шимоли Тоҷикистон ба ҷурми дарёфти 15 ҳазор сомонӣ боздошт шуда буд.