Эъломи теъдоди қурбониёни ҳаводиси табиии Тоҷикистон дар 6 моҳи аввали имсол
Июл 23, 2020 17:30 Asia/Dushanbe
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон теъдоди қурбониёни ҳаводиси табииро дар соли 2020 эълом кард.
Ба нақл аз Спутник, Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикисон дар нишасти хабарӣ гуфт: Аз ибтидои соли 2020 то кунун, 178 ҳодисаи табиӣ дар Тоҷикистон рух додааст.
Ба гуфтаи вай, дар 6 моҳи аввали имсол 7 нафар ҳам дар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд.
Назарзода гуфт: Аз ин теъдод ду нафар ба иллати резиши баҳман, 4 нафар бар асари бархӯрди санг ва резиши кӯҳ ва як нафар ҳам дар асари бархӯрди соиқа кушта шуданд.