Июл 23, 2020 17:30 Asia/Dushanbe
  • Эъломи теъдоди қурбониёни ҳаводиси табиии Тоҷикистон дар 6 моҳи аввали имсол

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон теъдоди қурбониёни ҳаводиси табииро дар соли 2020 эълом кард.

Ба нақл аз Спутник, Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикисон дар нишасти хабарӣ гуфт: Аз ибтидои соли 2020 то кунун, 178 ҳодисаи табиӣ дар Тоҷикистон рух додааст.

Ба гуфтаи вай, дар 6 моҳи аввали имсол 7 нафар ҳам дар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд.

Назарзода гуфт: Аз ин теъдод ду нафар ба иллати резиши баҳман, 4 нафар бар асари бархӯрди санг ва резиши кӯҳ ва як нафар ҳам дар асари бархӯрди соиқа кушта шуданд.