Июл 25, 2020 09:36 Asia/Dushanbe
  • Пардохти изофаҳуқуқ ба кадри дармонии Тоҷикистон

Вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт: Ҳар моҳ ба 8000 пизишк маблағе ба унвони подош пардохт шудааст.

Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт: Дар марҳилаи аввал , ба 5256 пизишк, ки мустақим бо беморони мубтало ба коронавирус дар иртибот буданд, ин изофаҳуқуқ пардохт шуд.

Вазири тандурустии Тоҷикистон афзуд: Ба парасторон ва кадри дармонӣ низ ҳар се моҳ изофаҳуқуқ пардохт мешавад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон авоили моҳи май, 12 миллиону 400 000 сомонӣ аз сандуқи захираи раёсатҷумҳурӣ барои изофаҳуқуқи пизишкон ихтисос дод.