Шинсоии 48 бемори ҷадиди коронавирус бидуни фавтӣ дар Тоҷикистон
Июл 25, 2020 09:11 Asia/Dushanbe
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, дар 24 соати гузашта 48 бемори ҷадиди коронавирус бидуни фавтӣ дар ин кишвар сабт шудааст.
Ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон то соати 19: 00 рӯзи ҷумъа, 24 июли 2020, теъдоди фавтшудагон аз бемории коронавирус, бидуни афзоиш ҳамон 58 нафар эълом шудааст.
Ҳамчунин 30 апрел то рӯзи ҷумъа, 24 июл, теъдоди мубалоён ба коронавирус дар Тоҷикистон ба 7 104 нафар расидааст, ки то кунун 5 851 нафар (82 дарсад) аз ин беморӣ дармон шудаанд.
Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки дар шабонарӯзи ахир 58 тан пас аз беҳбуд ёфтан мураххас шудаанд.