Июл 26, 2020 12:26 Asia/Dushanbe
  • Ошноии Расулзода бо омодагӣ ба ҷашни 5500 солагии шаҳри бостонии Саразм

Нахуствазири Тоҷикистон бо сафар ба ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд бо раванди омодагӣ ба таҷлил аз ҷашни 5500 солагии шаҳри бостонии Саразм ошно шуд.

Ба гузориши радиои  тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Қоҳир Расулзода ба ҳамроҳи Раҷаббой Аҳмадзода- раиси вилояти Суғд  дар шаҳри бостонии Саразм ҳузур ёфт ва бо сохти таъсисоти марбут ба ҷашни 5500 солагии ин шаҳр ошно шуд.

Дар чорчуби барномаи ин ҷашн, ки бо тасмими Созмони ЮНЕСКО баргузор мешавад, сохти осорхонаи осори бостонӣ, меҳмонхона барои пазироӣ аз меҳмонон, марокизи фуруши саноати дастӣ ва роҳҳои иртиботӣ оғоз шудааст.

Шаҳри бостонии Саразм, ки дар паи ковушҳои бостоншиносон дар соли 1974 кашф шуд дар 15 километрии ғарби маркази ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ва 45 километрии шаҳри Самарқанди Узбакистон воқеъ шудааст.

Ин шаҳр дар соли 2010 дар рӯйхати осори ҷаҳонии Созмони ЮНЕСКО қарор гирифт.

Бар асоси бароварди бостоншиносон, ин ноҳияи таърихӣ 130 гектар вусъат дорад ва қидмати он 5500 сол аст.

Ашиёи бостонии бадастомада аз ин муҳавватаи бостонӣ, ки теъдоде аз онҳо мутааллиқ ба даврони ҳахоманишӣ аст дар осорхонаи шаҳри Панҷакент ва осорхонаи миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.

 

Барчасп