Июл 26, 2020 22:04 Asia/Dushanbe
  • Ҷаримаи 45 000 долларии як дандонпизишки тоҷик барои шикори бузи нодир

Азизулло Исматзода, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, як дандонпизишкеро дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон барои шикори ғайриқонунии бузи пармашох ё морхӯр боздошт кардаанд.

Ба нақл аз сомонаи "Ахбор"-и Осиёи Миёна, Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон хабар дод, ки як духтари дандон дар ноҳияи Ш.Шоҳин (собиқ Шӯрообод) барои шикори ғайриқонунии бузи пармашох (морхӯр) дастгир шудааст. Ҷарима барои шикори ин бузи нодир то 464 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Азизулло Исматзода, раиси Агентии хоҷагии ҷангал гуфт: "Ӯ як одами масъул ба ҳисоб меравад. Медонист, ки оқибати ин кор чӣ мешавад. Аммо дидаву дониста ин корро кардааст. Ҳоло парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ва мақомоти дахлдор тафтиш карда истодаанд”. 

Бузи пармашох ё морхӯр ба "Китоби сурх” – и Тоҷикистон ворид шуда, асосан дар ҷангали кӯҳҳои навоҳии Шамсиддини Шоҳин, Шӯробод ва Дарвоз ба сар мебарад. Бино ба таҳқиқи охирини Агентии хоҷагии ҷангал, теъдоди бузи пармашох танҳо дар ҳудуди хоҷагиҳои шикории қаторкуҳҳои Ҳазрати Шоҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба 3927 сар (соли 2019 – 2929 сар) расидааст.

Барчасп