Шиносоии 42 бемори нави КОВИД-19 бидуни фавтида дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард: Дар 24 соати гузашта 42 бемори нави КОВИД-19 ин кишвар бидуни мавриди фавти нав сабт шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то соати 10 субҳи рӯзи душанбе 27 июли 2020 теъдоди фавтидагон аз бемории КОВИД-19 дар кишвар бидуни афзоиш ҳамон 59 нафар эълом шудааст.
Ҳамчунин аз 30 апрел то рӯзи душанбе 27 июл теъдоди мубталоён ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон ба 7 ҳазору 192 нафар расида, ки то кунун 5 ҳазору 970 нафар (баробар бо 83 дарсади беморон) дармон шудаанд.
Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки дар шабонарӯзи ахир 101 нафар ҳам ба гумони мубтало шудан ба КОВИД-19 дар бемористонҳои Тоҷикистон таҳти дармон қарор дошта ва 64 тан пас аз беҳбуд ёфтан мураххас шудаанд.
Бо ин ҳол як ҳазор нафар низ, ки ба шакли сабуки бемории КОВИД-19 мубтало шудаанд, дар хонаҳои хеш таҳти назорати пизишкон табобат мешванд.