Коҳиши 45 дарсадии вуруди гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон
Ожонси давлатии омори Тоҷикистон аз коҳиши 45 дарсадии вуруди гардишгарони хориҷӣ ба ин кишвар дар шаш моҳи нахусти имсол ба далели густариши виуруси корона хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, дар шаш моҳи нахусти имсол 342 ҳазор гардишгари хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд, ки ин теъдод дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл коҳиши наздик ба 45 дарсадиро нишон медиҳад.
Гуфта мешавад, ки аз ин теъдод 326 ҳазор нафар аз кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд ва бақияи шаҳрвандони кишварҳои дур мебошанд.
Узбакистон бо 234 ҳазор гардишгар дар ҷои нахуст қарор дорад ва Русия бо 44 ҳазор нафар, Қирғизистон бо 39 ҳазор нафар, Қазоқистон бо 6 ҳазор нафар, Афғонистон 4 ҳазору 400 нафар, Туркия як ҳазору 800 нафар, Чин як ҳазору 500 нафар ва Эрон ва Амрико ҳар як бо 800 нафар дар ҷойгоҳҳои баъдӣ воқеъ шудаанд.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 215 ширкати хадамоти гардишгарӣ фаъолият мекунад ва баррасиҳо нишон медиҳад, ки аксари гардишгарони хориҷии бидуни сабтином дар ин ширкатҳо вориди Тоҷикистон мешаванд.
Ҳамчунин аз гардишгарони хориҷӣ дар 188 меҳмонхона, 26 меҳмонпазирӣ, ҳашт маркази обдармонӣ ва даҳҳо урдугоҳ пазироӣ мешавад.