Июл 27, 2020 19:17 Asia/Dushanbe
  • Набудани оби ошомидании солим мушкили сокинони манотиқи рустоии Тоҷикистон

Мудири агентии маскан ва хадамоти умумии Тоҷикистон гуфт: ҳудуди 24 дар сади шаҳрвандон дар манотиқи рустоии кишвар ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Эки пресс, Ҷамшед Табарзода гуфт: сокинони рустоҳо ва манотиқи Оббурдони минтақаи Масчоҳ, Раҳимов Темурмалик, Зарбдори Кӯлоб, Хуросон, бархе аз рустоҳои минтақаи Турсунзода ва ҷамоати Шаҳри Нав бо камбуди оби ошомиданӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.

Ӯ афзуд: системаҳои обрасонӣ дар ин манотиқ дар ду марҳила бозсозӣ мешавад.

Табарзода афзуд: Ҳудуди 20 ҳазор нафар аз сокинони манотиқи рустоӣ пас аз поёни ин тарҳҳо аз оби ошомиданӣ баҳраманд хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи мудири агентии маскан ва хадамоти умумии Тоҷикистон, қарзи мардум, ширкатҳо ва созмонҳои кишвар ба идораи оби Тоҷикистон ба 77 миллион сомонӣ расидааст.

Ӯ ҳамчунин хотирнишон кард: Қиммати таърифаҳои масрафи оби имсол афзоиш намеёбад.