Набуди мутахассиси бозёфти фурузонакҳои каммасрафи сӯхта дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55869-Набуди_мутахассиси_бозёфти_фурузонакҳои_каммасрафи_сӯхта_дар_Тоҷикистон
Бо вуҷуди он ки 94 маҳал барои таҳвили фурузонакҳои каммасрафи сӯхта дар Тоҷикистон дар назар гирифта шуда, аммо мутахассиси бозёфт (истифодаи дубора)-и ин чароғҳо дар ин кишвар вуҷуд надорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 28, 2020 06:06 Asia/Dushanbe
  • Набуди мутахассиси бозёфти фурузонакҳои каммасрафи сӯхта дар Тоҷикистон

Бо вуҷуди он ки 94 маҳал барои таҳвили фурузонакҳои каммасрафи сӯхта дар Тоҷикистон дар назар гирифта шуда, аммо мутахассиси бозёфт (истифодаи дубора)-и ин чароғҳо дар ин кишвар вуҷуд надорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, мақомоти Вазорати саноат ва технологиҳои нави Тоҷикистон мегӯянд, ки бо вуҷуди воридоти  таҷҳизот барои истифодаи дубораи фурузонакҳои каммасрафи истифодашуда дар ин кишвар ҳатто як мутахассис барои истифодаи дубораи ин чароғҳо дар кишвар нест.

Дар ҳоле, ки теъдоди чароғҳои сӯхтаи ҷамъоваришуда дар маҳалҳои таҳвил ба 585 ҳазор адад мерасад набуди мутахассис барои истифодаи дубораи ин теъдод фурузонак мушкилоти зиёдеро ба вуҷуд овардааст.

Ҳамчунин маркази бозёфти ин фурузонакҳо дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон низ ҳануз сохта нашудааст.

Дар Тоҷикистон истифода аз фурузонакҳои каммасраф аз соли 2009 оғоз шуд ва акунун барои шаҳрвандони ин кишвар  чизи лозимӣ аст, аммо то кунун бо вуҷуди ворид кардани таҷҳизоти бозёфти патровҳои электроникӣ, мутахассисе барои истифода аз ин дастгоҳҳо дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.