Боздошти қочоқчиёни маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55875-Боздошти_қочоқчиёни_маводи_мухаддир_дар_марзи_Тоҷикистон_бо_Афғонистон
Қочоқчиёни маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боздошт шуданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 28, 2020 12:14 Asia/Dushanbe
  • Боздошти қочоқчиёни маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Қочоқчиёни маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боздошт шуданд.

Маъмурони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон таи амалиёте дар шаҳристони Носири Хусрав як гуруҳи қочоқбарони маводи мухаддирро, ки қасди вуруд аз Афғонистон ба Тоҷикистон доштанд  дастгир карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз иттилоияи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар ин амалиёт ду шаҳрванди Афғонистон бо номҳои Ҷалолиддин валади Ёрмуроди 48-сола ва Қалдов Аҳмад Ҷории 30 сола, сокинони минтақаи Қундуз боздошт шуданд.

Дар натиҷаи бозрасӣ аз онҳо 14 килограм тарёк, 140 грам хашиш, ҳамчунин 1 аслиҳаи клашников, 5 адад хишоб ва 141 тир кашф ва забт шуд.