Июл 28, 2020 18:52 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии фасодзадатарин идороти Тоҷикистон дар нимаи нахусти имсол

Мақомоти агенти давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон фасодзадатарин ниҳодҳои давлатии ин кишвар дар шаш моҳи нахусти имсолро муаррифӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ин мақомот эълон карданд, ки дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ идороти ҳукуматӣ, вазорати маориф ва илму бонкҳои Тоҷикистон фасодзадатарин ниҳодҳо будаанд.

Бар асоси ин гузориш, барои кормандони идороти ҳукуматӣ 116 маврид, бонкҳо 96 маврид ва Вазорати маорифу илм 88 мавриди ҷурм ва ҷинояти муртабит ба фасоди молӣ ва ришвахорӣ сабт шудааст.

Ҳамчунин дар ин муддат кормандони вазоратҳои кишоварзӣ 71 маврид, тандурустӣ 41 маврид, кору умури муҳоҷират 22 маврид, адлия 21 маврид, кумитаи давлатии замин 60 мавриди фасоди молӣ ва ришвахорӣ муртакиб шудаанд.

Дар ин иртибот алайҳи 372 нафар парвандаи ҷиноӣ ташкил шуда, 266 парванда барои баррасӣ ба додгоҳҳо ирсол гардидааст.

Мизони хасорати молии ин мавориди фасод 149 миллиону 800 ҳазор сомонӣ эълон шудааст. 

Барчасп