Таътили 124 корхона ва коргоҳ дар Тоҷикистон дар як соли ахир
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55910-Таътили_124_корхона_ва_коргоҳ_дар_Тоҷикистон_дар_як_соли_ахир
Вазорати саноат ва технологиҳои нави Тоҷикистон аз таътили 124 корхона ва коргоҳи саноатӣ дар ин кишвар дар як соли ахир хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 29, 2020 07:32 Asia/Dushanbe
  • Таътили 124 корхона ва коргоҳ дар Тоҷикистон дар як соли ахир

Вазорати саноат ва технологиҳои нави Тоҷикистон аз таътили 124 корхона ва коргоҳи саноатӣ дар ин кишвар дар як соли ахир хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, мақомоти ин вазоратхона далели таътили корхонаҳоро набуди маводи хом ва манобеи молии кофӣ, фарсуда шудани таҷҳизот, мудирияти нокоромад ва надоштани бозори фуруши маҳсулот унвон кардаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки ахиран Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дастур додааст, ки иллати таътили ин марокизи саноатӣ баррасӣ шавад ва барои роҳандозии дубораи онҳо иқдом кунанд.

Бар асоси гузориши Вазорати саноат ва технологиҳои нави Тоҷикистон дар ин кишвар 2 ҳазору 216 корхона ва коргоҳи саноатӣ сабт шуда, ки 682 марказ дар вилояти Суғд, 604 марказ дар вилояти Хатлон, 464 марказ дар шаҳри Душанбе, 420 марказ дар ноҳияҳои марказӣ ва 46 марказ дар вилояти кӯҳистони Бадахшон фаъолият мекунанд.

Гуфта мешавад, ки арзиши тавлиди маҳсулот дар ин корхонаҳо дар шаш моҳи нахусти имсол ба 13 миллиарду  100 миллион сомонӣ расида, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 9.2 дарсад бештар аст.