Коҳиши ҷурм дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55933-Коҳиши_ҷурм_дар_Тоҷикистон
Раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфт, теъдоди вуқӯи ҷароим дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 29, 2020 16:29 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши ҷурм дар Тоҷикистон

Раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфт, теъдоди вуқӯи ҷароим дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.

Генерал Сулаймон Султонзода далели аслии коҳиши ҷароимро фаъолиятҳои фарҳангӣ ва иттилоърасонӣ дар заминаи муҷозотҳои нақзи қонун, фасод ва қочоқ дар кишвар эълом кард.

Вай афзуд, дар шаш моҳи аввали имсол 1218 ҷурми иқтисодӣ кашф шуд, ки ин теъдод 162 маврид камтар аз соли гузашта аст.

Раиси Ожонси фасоди молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон ҳамчунин аз ташкили парванда алайҳи бархе масъулони “Агроинвестбонк” дар Тоҷикистон ба иттиҳоми ихтилоси 38 миллион доллар хабар дод.

Генерал Сулаймон Султонзода гуфт, теъдоди тахаллуфоти идорӣ низ дар 6 моҳи аввали имсол 652 маврид буда, ки 63 маврид камтар аз муддати мушобеҳи соли гузашта аст.