Июл 30, 2020 09:09 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қарзҳои хориҷии Тоҷикистон

Мизони қарзҳои хориҷии Тоҷикистон аз 3 миллиард доллар болотар рафт.

Вазири молияи Тоҷикистон эълон кард ,ки қарзҳои хориҷии ин кишвар  таи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ бо афзоиши ҳудуди 179 миллион доллар ба 3 миллиарду 96 миллиону 100 ҳазор доллар расидааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , ба нақл аз сомонаи centralasia.media Файзиддин Қаҳорзода дар нишасти хабарии масулони ин Вазоратхона дар шаҳри Душанбе гуфт ; ин мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон баробар бо 36 ва як даҳуми дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар аст.

Ҳамчунин барои пардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон таи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 958 миллион сомонӣ ҳазина шудааст.

Дар ҳоли ҳозир қарҳои Тоҷикистон ба Бонки Содирот ва воридоти Чин як миллиарду 133 миллион доллар , Бонки Ҷаҳонӣ 338 миллион доллар , Бонки Тавсиаи Осиё 287 миллион доллар ва Бонки Тавсиаи исломӣ 132 миллион доллар эълон шудааст.

Мизони қарзҳои Тоҷикистон ба далели интишори авроқи қарзаи аврупоӣ барои фруши саҳоми нуругоҳи Барқӣ обии Роғун низ 500 миллион доллар эълон шуд.