Коҳиши таваллуд ва афзоиши фавтидагон дар Тоҷикистон
Июл 30, 2020 18:18 Asia/Dushanbe
Аз оғози имсол то кунун, мизони таваллуд дар Тоҷикистон коҳиш ва теъдоди фавтидагон афзоиш ёфтааст.
Ба нақл аз Азия Плюс, дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта, мизони таваллуд 4 дарсад ва мизони маргу мир 11 дарсад афзоиш доштааст.
Аз моҳи январ то июли имсол, 100 ҳазору 900 таваллуд дар Тоҷикистон сабт шудааст.
Бар асоси Агентии омори Тоҷикистон, мизони таваллуд дар минтақаҳои Хатлон 4 дарсад, Бадахшон 5,5 дарсад, Суғд 4,4 дарсад ва дар шаҳри Душанбе 4 дарсад коҳиш ёфтааст.
Теъдоди фавтидагон низ дар нимаи аввали имсол ба 18 ҳазору 800 нафар расид, ки нисбат ба 6 моҳи аввали соли гузашта 11 дарсад бештар аст.