Июл 31, 2020 15:48 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики идонаи раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои эронӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли паёме фаро расидани иди Қурбонро ба Ҳасани Рӯҳонӣ, ҳамтои эронии худ табрик гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми идонаи худ ба Ҳасани Рӯҳонӣ, барои мардуми кишвари бародари Эрон сулҳу амният ва тавсеаи пойдор хостааст.

Раҳмон ҳамчунин дар ин паём азми Тоҷикистонро барои таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо Эрон эълом кардааст.

Матни паёми раисҷумҳури Тоҷикистон бад-ин шарҳ аст:

“Ҷаноби оқои доктор Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон

 салом алайкум;

Таманно дорам самимонатарин табрикҳо ва беҳтарин орзуҳои моро ба муносибати ҷашни иди Қурбон пазиро бошед.

Барои Шумо аз самими қалб тандурустии комил, бахту иқбол, комёбиҳои ҷадид ва барои мардуми бародари кишвари Эрон, сулҳу амният бо субот ва тавсеаи пойдорро хоҳонам.

Итминон дорам, ки суннатҳои аслии иди фархундаи Қурбон, ки аз умқи арзишҳои волои умумибашарӣ сарчашма гирифтааст, пайвандҳои дӯстӣ ва бародарӣ, тафоҳум ва ҳимояти мардумони моро, ки баргирифта аз иштирокоти маънавии онҳо мебошад, дар оянда низ густариш хоҳад бахшид.

Фурсатро муғтанам шумурда, азми қавии хешро ҷиҳат пешбурди ҳамаҷонибаи фаъолияти муштарак бо Ҳумо ба манзури таҳким ва густариши ҳамкориҳои созанда миёни Тоҷикистон ва Эрон, изҳор менамоям.

Итминон дорам, ки мо таҳдид ва хатарҳои фарогири имрӯзаро бо сарбаландӣ пушти сар хоҳем гузоштю Аз ин ба баъд низ ҷиҳати расидан ба аҳдофи волои таъмини рифоҳ ва тавсеаи уммати Ислом, талошҳои муштаракро афзоиш хоҳем дод.

Бо камоли эҳтиром,

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Барчасп