Тардиди Созмони Милали Муттаҳид дар дурустии омори фавтҳои корона дар Тоҷикистон
(last modified Fri, 31 Jul 2020 15:03:27 GMT )
Июл 31, 2020 20:03 Asia/Dushanbe
  • Тардиди Созмони Милали Муттаҳид дар дурустии омори фавтҳои корона дар Тоҷикистон

Созмони Милали Муттаҳид омори ироашуда дар бораи теъдоди афроди мубтало ва фавтида аз бемории Ковид -19 дар Тоҷикистонро зери суол бурдааст.

Ба гузориши сомонаи дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе, дар ин гузориш яке аз далелҳои пойин будани омори расмии мубталоён ба вируси корона дар Тоҷикистон кам будани озмоишҳо унвон мешавад, ки наметавонад теъдоди воқеии мубталошудагонро мушаххас кунад.

Ин дар ҳолест, ки Ҷамолиддин Абдуллоҳзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳафтаи қабл эълом кард, ки дар ин кишвар аз моҳи апрел ва шиносоии нахустин беморони Ковид -19 беш аз 65 ҳазор озмоиши ин вирус анҷом шудааст.

Ҳамчунин дар гузориши Созмони Милали Муттаҳид, яке аз далоили кам будани теъдоди фавтиҳо бар асари бемории Ковид -19 дар Тоҷикистон (60 нафар) набуди омори фавтидагон дар манотиқи ин кишвар унвон мешавад.

Дар Тоҷикистон бар асоси омори расмӣ теъдоди мубталоён беш аз ҳафт ҳазор нафар ва фавтиҳо 60 тан эълом шудааст.

Аз сӯи дигар, дар ин гузориш аз иқдомоти Тоҷикистон дар заминаи бастани марзҳо, қатъи иртиботи ҳавоӣ, заминӣ, мамнуияти баргузории таҷаммӯот ва иҷборӣ кардани доштани моск дар кӯчаву хиёбонҳо ва маконҳои умумӣ ба унвони тадбирҳои бамавқеъ барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона ёд шудааст.