Шиносоии 43 бемори нави КОВИД-19 бидуни фавтӣ дар Тоҷикистон
Июл 31, 2020 17:00 Asia/Dushanbe
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, дар 24 соати гузашта 43 бемори нави КОВИД-19 бидуни мавриди фавтӣ сабт шудааст.
Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, тайи 24 соати гузашта теъдоди фавтидагон аз бемории КОВИД-19 дар кишвар бидуни афзоиш ҳамон 60 нафар эълом шудааст.
Ҳамчунин аз 30 апрел то рӯзи ҷумъаи 31 июл теъдоди мубталоён ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон ба 7 409 нафар расида, ки то кунун 6 ҳазору 193 нафар дармон шудаанд.
Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки дар шабонарӯзи ахир 93 нафар ҳам ба гумони мубтало шудан ба КОВИД-19 дар бемористонҳои Тоҷикистон таҳти дармон қарор дошта ва 42 тан пас аз беҳбуд ёфтан мураххас шудаанд.
Барчасп