Август 01, 2020 19:44 Asia/Dushanbe
  • Ваъдахилофии чиниҳо ва музоядаи корхонаи доруи кимиёии Вахш

Мақоми тоҷик гуфт: Дар паи нотавонии ширкатҳои чинӣ барои бозсозии корхонаи тавлиди доруи кимиёвии Вахш, саҳоми ин маркази саноатӣ вогузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Фаррух Ҳамроализода- раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон гуфтааст, ки ширкатҳои чинӣ ба далели амал накардан ба тааҳҳудоти хеш дар заминаи бозсозии корхонаи доруи кимиёвии Вахш, канор гузошта шуданд ва акнун барномаи вогузории 100 дарсадии саҳоми молии ин маркази саноатӣ дар дастури кор аст.

Вай нархи оғозини саҳоми молии корхонаи куди химиёвии Вахшро 190 миллион сомонӣ эълом кардааст.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон чанд ширкат аз Олмон, Италия ва Малайзия қабл аз ҳамагирии вируси корона омодагии худро барои ҳузур дар ин музояда эълом карда буданд, ки акнун ин кор ба таъхир афтодааст.

Вай муътақид аст, ки дар сурати вогузории ин корха ба ширкатҳои хориҷӣ ва такмили раванди бозсозии он заминаи иштиғоли доим барои як ҳазору 200 нафар фароҳам ва ниёзи бахши кишоварзии Тоҷикистон ба доруи химиёвӣ таъмин хоҳад шуд.

Танҳо корхонаи тавлиди доруи химиёвии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон наздик ба ҳашт сол аст, ки фаъолият намекунад.

Пештар  саҳоми молии ин корхона мутааллиқ ба Зайд Саидов- вазири собиқи саноат ва фаъоли бахши хусусии зиндонишудаи ин кишвар ва Димитри Фиртош, сармоядори украинӣ буд.

 

Барчасп