16 миллион сомонӣ истифодаи ғайримуҷози барқ дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 02 Aug 2020 06:24:39 GMT )
Август 02, 2020 11:24 Asia/Dushanbe
  • 16 миллион сомонӣ истифодаи ғайримуҷози барқ дар Тоҷикистон

Мудири ширкати давлатии Барқи Тоҷик аз кашфи 11 ҳазору 931 маврид истифодаи ғайримуҷози барқ дар Тоҷикистон дар нимаи нахусти имсол хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Мирзо Исмоилзода- мудири ширкати давлатии Барқи Тоҷик гуфт: Зиёни ин ширкат аз истифодаи ғайримуҷози барқ дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ ба 16 миллион сомонӣ расида, ки 8 миллиону 700 ҳазор сомонии он ба буҷет бозпардохт шудааст.

Вай яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз дуздида шудани барқ ва истифодаи ғайримуҷоз аз ин навъи энержиро насби контурҳои ҳушманд бо таҷҳизоти муҳосибаи пешпардохт унвон кард ва гуфт, ин раванд ба таври озмоишӣ дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон оғоз шудааст.

Бар асоси ин барнома муштариёни барқ танҳо дар сурати ворид намудани маблағи пешпардохт метавонанд бо истифода аз корти шоржи хеш барқ дошта бошанд.

Мудири ширкати давлатии Барқи Тоҷик таъкид кардааст, ки акнун дар шаҳрҳои Кулоб ва Леваканд ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ва ноҳияи Рӯдакӣ камаш 22 ҳазору 599 контури ҳушманд насб шудааст.