Август 02, 2020 19:06 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Евроосиё шитоб намекунад

Раиси хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон эълом кард,ки ин кишвар барои пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Евроосиё шитоб намекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, Хуршед Каримзода гуфтааст, ки яке аз минобеи муҳимм таъмини бахши даромади бюджети ҳукумати Тоҷикистон пардохти молиёт мебошад, ки дар сурати пайвастан ба Иттиҳодия иқтисодии Евроосиё ин маблағ коҳиш хоҳад ёфт, зеро бар асоси қавонини Иттиҳодия иқтисодии Евроосиё воридот ва содироти коло ва маҳсулот аз прдохти аворизи гумруки муоф мешаванд, ки бояд дар мавриди пайдо кардани чойгзини манбаи муҳимми таъмин бахши драмади бюджети ҳукумат Тоҷикистон барномарезӣ кард. 
 
Аммо Алексей Зубтес муовини раиси донишгоҳи молияи Русия мегӯяд, ки Тоҷикистон дар сурати пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Евроосиё аз чаҳор имтиёз бархурдор хоҳад шуд, ки шомили ҳаракат озодонаи сармоя, нирӯи кор, коло, маҳсулот ва хадамот мешавад. 
 
Ҳамчунин коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия аз дарёфт муҷаввизи кор ва иқомат муоф мешаванд, ки мӯҷиби сарфаҷӯиии даромади молӣӣ онон мегардад. 
Мақомоти Тоҷикистон таи 5 соли ахир дар посух ба дархости Русия барои пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Евроосиё мегӯянд, ки дар ҳоли баррасии ин мавзӯъ мебошанд.

Барчасп