Шиносоии 44 бемори КОВИД-19 бо як мавриди нави фавт дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард: Дар 24 соати гузашта 44 бемори КОВИД-19 бо як мавриди фавти нав дар ин кишвар сабт шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то соати 10 субҳи рӯзи душанбе севуми августи 2020 теъдоди фавтидагон аз бемории КОВИД-19 дар кишвар бо як маврид афзоиш ба 61 нафар расидааст.
Ҳамчунин аз 30 апрел то рӯзи душанбе 3 августи 2020 теъдоди мубталоён ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон ба 7 ҳазору 495 нафар расида, ки то кунун 6 ҳазору 276 нафар (баробар бо 83.7 дарсади беморон) дармон шудаанд.
Бо ин ҳол як ҳазор нафар низ, ки ба шакли сабуки бемории КОВИД-19 мубтало шудаанд, дар хонаҳои хеш таҳти назорати пизишкон табобат мешаванд.