Август 03, 2020 11:31 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон мунтазири вуруди 250 мутахассиси чинӣ барои оғози сохти тарҳҳои муҳим

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон эълом кард, ки мунтазири вуруди 250 мутахассиси чинӣ барои оғози сохти тарҳҳои муҳим мебошад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, ин тавофуқ дар паи дидори мақомоти ин вазорат бо сафири Чин дар Душанбе ба даст омадааст.

Сохти теъдоде аз тарҳҳои муҳим дар Тоҷикистон бо сармоягузории молӣ ва мушорикати мутахассисони чинӣ ба далели густариши вируси корона ба таъхир афтода буд, ки шомили сохтмонҳои нави парлумон ва ҳукумат, бозсозии масири Бохтар ба Кулоб, роҳи Муъминобод ба Кулоб ва таҷдиди марҳилаи дувуми роҳи Душанбе то марзи Чин мешавад.

Аз ин рӯ мақомоти Чин эълом кардаанд, ки бо парвози вижа дар рӯзҳои наздик 250 мутахассиси чиниро барои оғози сохти тарҳҳои муҳими зербиноӣ ба Тоҷикистон сафарбар хоҳанд кард.

Ҳамчунин мақомоти Чин барои эътои сабукӣ ва ба ақиб андохтани муддати замони бозпардохти қарзҳои Тоҷикистон аз Бонки воридот ва содироти Чин ба далели густариши вируси корона ибрози омодагӣ кардаанд.