Август 03, 2020 17:15 Asia/Dushanbe
  • Ҷамъоварии 2 миллион доллар дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон

Аз оғози имсол токунун дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ҳудуди 2 миллион доллар сармоягузорӣ шудааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ ба нақл аз Спутник, Завқи Завқизода вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, гуфт: "Дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон тақрибан 27 миллион сомонӣ (2,6 миллион доллар) сармоягузорӣ шудааст".

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон илова кард: "Имсол бузургтарин сармоягузорӣ дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара 17 миллион сомонӣ буд."

Вай гуфт: ҳаҷми тавлидот дар ин минтақаи иқтисодӣ дар 6 моҳи аввали соли равон ба 8 миллиону 700 ҳазор сомонӣ расидааст.

 Қаблан эълом шуда буд, ки сармоягузорони хориҷӣ ният доранд дар як минтақаи озоди иқтисодии Данғара ба лоиҳаи 15 километри обтаъминкунӣ сармоягузорӣ кунанд.

Суғд, Панҷ, Данғара ва Хуҷанд минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мебошанд.