Август 04, 2020 08:03 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 4 дарсадии рушди иқтисодии Тоҷикистон таи шаш моҳи нахусти имсол

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз коҳиши 4 дарсадии рушди иқтисоди ин кишвар таи шаш моҳи нахусти имсол дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авеста, Завқӣ Завқизода дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт: Дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон ба 32 миллиарду 400 миллион сомонӣ расид, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 4 дарсад камтар аст.

Вай иллати асосии коҳиши тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистонро густариши корона ва таътилии марокизи тавлидӣ ва саноатӣ эълом кард.

Ба  гуфтаи вай таи ин муддат хадамот дар меҳмонхонаҳо 45 дарсад, васоити нақлиёти мусофир бо автобус ва худрав 9 дарсад, ҷо ба ҷоии мусофиру бор бо қатор 21 дарсад ва бо ҳавопаймо 58 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ба гуфтаи вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар маҷмуъ ироаи хадамот дар бахшҳои мухталифи иқтисодии Тоҷикистон 2 миллиард сомонӣ баробар бо 14 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ӯ афзуд: Ҳамчунин таи ин муддат мизони савдои хориҷии Тоҷикистон бо Чин 18 дарсад, Украина 52 дарсад, Жопон 43 дарсад,Туркия 22 дарсад ва Эрон 12 дарсад коҳиш ёфтааст.