Август 04, 2020 14:41 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши се баробарии тавлиди барқи Роғун

Тавлиди барқ дар нерӯгоҳи Роғун се баробар шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ аз январ то июли имсол нерӯгоҳи Роғун 595 миллион киловатт соат барқ тавлид кардааст, ки ин мизон нисбат ба соли гузашта 385 миллион киловатт соат бештар аст.

Қарор аст то соли 2033 шаш воҳиди барқи обӣ бо зарфияти 600 миговатт дар нерӯгоҳи Роғун насб шавад.

Имсол барои такмили сохти истгоҳи Роғун 21 миллион сомонӣ ихтисос ёфтааст.

Бар асоси омор аз бтидои сохти нерӯгоҳи Роғун токунун 28 миллиард сомонӣ ҳазина шудааст.

Пешбинӣ мешвад, пас аз баҳрабардории комили ин нерӯгоҳ, миёнгини тавлиди барқ дар сол ба ҳудуди 17 миллиард киловатт соат бирасад.