Таъйиди нишони ҷашн гирифтани 700 солагии Камоли Хуҷандӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56131-Таъйиди_нишони_ҷашн_гирифтани_700_солагии_Камоли_Хуҷандӣ_дар_Тоҷикистон
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи (нишон) ҷашни бузургдошти 700 солагии шоир ва орифи машҳур Шайх Камоли Хуҷандиро таъйид кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 04, 2020 14:54 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди нишони ҷашн гирифтани 700 солагии Камоли Хуҷандӣ дар Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи (нишон) ҷашни бузургдошти 700 солагии шоир ва орифи машҳур Шайх Камоли Хуҷандиро таъйид кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар , ин рамзро фарҳангистони ҳунарҳои тасвирӣ , анҷумани миллии наққошону донишкадаи дизайни Тоҷикистон тақдим кард, ки имрӯз ба имзои Эмомалӣ Раҳмон  Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон  расид .

Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ маъруф ба шайх Камоли Хуҷандӣ. аз орифон ва шоирони порсигӯи қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ буд . 

Дар Хуҷанд таваллуд шудааст, аммо пас аз сафари ҳаҷ дар Табрез сокин шуд . Камолиддин Хуҷандӣ дар соли 792 ҳиҷрии қамарӣ ё 808 ҳиҷрии қамарӣ даргузашт ва оромгоҳи ӯ дар шаҳри Табризи Эрон аст .Вай аз шоирони бузурги авохири қарни ҳаштум аст, ки махсусан дар ғазалсароӣ маҳорат дошт.  Девони ӯ шомили ғазалҳои матбӯъи зиёд ва ғолибан мақрун ба завқи ирфонӣ аст . 

Камоли Хуҷандӣ муосири Ҳофизи Шерозӣ буд ва дар бораи ӯ чунин гуфтааст :

 Нашуд ба тарзи ғазал ҳам инони мо Ҳофиз Агарчи дар сафи риндон Абул-Фаворис шуд