Август 04, 2020 19:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳазорон фаоли бахши хусусии Тоҷикистон даст аз кор кашиданд

Бинобар эъломи агенти давлатии омори Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол дар ин кишвар 12 ҳазору 600 фаоли бахши хусусӣ муҷаввизи худро лағв кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Осиё Плюс, 460 шахси ҳуқуқӣ ва 12 ҳазору 200 фаоли инфиродӣ ба ҳамроҳи як ҳазору 367 ширкати ҳусусии кишоварзӣ дар ин муддат фаолияти худро қатъ кардаанд.

Дар Тоҷикистон ба асоси омори ахир 333 ҳазор нафар дар бахши хусусӣ фаолият мекунанд,ки 298 ҳазор тонна аз ин афрод дорои муҷаввизи инфиродӣ ҳастанд ва 35 ҳазору 500 нафар шахси ҳуқуқӣ мебошанд.

Гуфта мешавад,ки бо вуҷуди бӯҳрони вируси корона дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ теъдоди фаолони инфиродии бахши хусусӣ дар Тҷикистон муқоиса бо давраи мушбеҳи соли қабл шаш ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.

Бо ин ҳолсосонаи Осиё Плюс таъкид кардааст, ки комитаи давлатии молиёти Тоҷикистон се моҳ аст ба пурсишҳои ин хабаргузорӣ дар бораи иллати даст аз кор кашидани фаолони бахши хусусӣ ва мавонеъ ва мушкилоти онон посух намедиҳад.

Барчасп