Дидори мақомоти аршади Тоҷикистон ва Фаронса дар шаҳри Душанбе
Август 05, 2020 18:42 Asia/Dushanbe
Дар дидори мақомоти аршади Тоҷикистон ва Фаронса дар шаҳри Душанбе ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуд.
Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Ясмин Гуедар, сафири Фаронса дар шаҳри Душанбе дидору гуфтугӯ карданд.
Дар ин мулоқот равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса дар заминаҳои мухталиф баррасӣ ва бар аҳамияти иҷрои барномаҳои муштараки барномарезишуда пас аз тасбити авзои ҷаҳон бар асари вируси корона таъкид шуд.
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар суханоне ба сафири Фаронса, аз саҳми бориз ва арзандаи вай дар густариш ва тақвияти равобити дӯстӣ ва ҳамкории мутақобили судманд байни ду кишвар ташаккур кард.
Дар ин дидор ҳамчунин муҳимтарин мавзӯоти муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд.