Пайвандони Ёров ва Маҳкамов: Ҳукми додгоҳ ғайрмунсифона буд
(last modified 2016-10-08T05:09:51+00:00 )
Октябр 08, 2016 10:09 Asia/Dushanbe
  • Пайвандони Ёров ва Маҳкамов: Ҳукми додгоҳ ғайрмунсифона буд

Пайвандони Бузургмеҳр Ёров ва Нуруддин Маҳкамов, вакилони дифои аъзои аршади маҳкумшудаи Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон гуфтаанд, дар ин кишвар низоми додгоҳӣ мустақил нест ва ба адолати додгоҳ эътимод надоранд.

Ба гузориши сойти "Азиа плюс", аъзои хонаводаи Бузургмеҳр Ёров ва Нуруддин Маҳкамов, ки ахиран, бар асоси ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе ба иттиҳоми қаллобӣ, барангехтани низои қавмӣ, мазҳабию нажодӣ, даъват ба ифротгароӣ ва талош барои сарнагун кардани сохти конститутсионии давлат ба 23 ва 21 соли зиндон маҳкум шуданд, муддаӣ шудаанд, ки дар ин ҷумҳурӣ адолати додгоҳӣ вуҷуд надорад. Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр Ёров таъкид кардааст, ки бародараш ҳангоми судури ҳукм бо дар даст доштани Қуръони карим гуфтааст, ки ба низоми додгоҳии Тоҷикистон эътимод надорад ва танҳо умеди ӯ ба Худованди ягона аст. Писари Нуриддин Маҳкамов низ ҳукми додгоҳи Душанберо ғайримунсифона хонда гуфтааст, ки аз вуҷуди адолат дар низоми додгоҳии Тоҷикистон ноумед шудааст.

Ин ду вакили мудофеи Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон тамоми иттиҳомоти матраҳшуда аз сӯйи намояндаи Додситонии кулро тӯҳматҳои беасос унвон кардаанд.

Муаззама Қодирова, вакили мудофеи Бузургмеҳр Ёров таъкид кардааст, ки алайҳи ин ҳукм ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикоят хоҳад кард. Бо ин ҳол, бештари коршиносон ба ин нукта таъкид мекунанд, ки то ба ҳол Додгоҳи Олии Тоҷикистон аҳкоми марбут ба афроди сиёсиро тағйир надода ва эҳтимоли таҷдиди назар дар ҳукми Ёров ва Маҳкамов заиф аст.