Август 07, 2020 18:00 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон ба далели густариши корона

Раиси Утоқи тиҷорат ва саноати Тоҷикистон гуфт, густариши корона сабаби тавсеаи тиҷорати бархат (он-лайн) дар Тоҷикистон шуд.

Ба гузориши вебгоҳи Вазорати саноати Тоҷикистон, Ҷамшед Ҷумъахонзода гуфт, ба далели эҷоди маҳдудияти тараддуд ва қарантина, ба далели густариши корона фаъолони иқтисодӣ тасмим гирифтанд, ки тиҷорати интернетиро ҷойгузини шеваҳои қадимии касбу кор кунанд.

Ӯ гуфт, корофаринону тоҷирон дар Тоҷикистон дар ин муддат руқабои зиёде дар ҳавзаи касбу кори маҷозӣ пайдо карданд.

Ҷамшед Ҷумъахонзода афзуд, фазои маҷозӣ фурсати муносибе барои таблиғи аҷносу колоҳои тавлидии дохилӣ аст, вале муттаассифона фаъолони иқтисодӣ, ки барои таблиғот дар ин ҳавза сармоягузорӣ мекунанд, дар кишвар андак ҳастанд.

Раиси Утоқи тиҷорат ва саноати Тоҷикистон ҳамчунин аз баргузории бистуҳафтумин намоишгоҳи байналмилалии ғизо ва нушидании “ProdExpo-2020” аз 10 то 14 феврал дар Маскав хабар дод ва афзуд, 10 ширкати дохилӣ дар ин намоишгоҳ ширкат хоҳанд кард.