Ҳушдори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба мардуми кишвар
(last modified Fri, 07 Aug 2020 16:01:49 GMT )
Август 07, 2020 21:01 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба мардуми кишвар

Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳушдор дод, бетаваҷҷуҳии шаҳрвандон ба риояти муқаррароти беҳдоштӣ мумкин аст мунҷар ба афзоиши теъдоди мубталоёни корона дар кишвар шуд.

Ба гузориши вебгоҳи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар ин баёния омадааст: “Муттаассифона бо вуҷуди иқдомоти давлати Тоҷикистон ва коркунони арсаи беҳдошт барои ҷилавгирӣ аз шуюъи бештари бемории корона, имрӯз бархе аз шаҳрвандони кишварамон бар хилофи тавсияҳои мутахассисон амал мекунанд”.

Дар идомаи матни ҳушдори Вазорати беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаааст, бисёре аз шаҳрвандон дар маконҳои умумӣ, хиёбонҳо, марокизи хадамотӣ, василаи ҳамлунақли умумӣ ва дигар ҷойҳои пуриздиҳом аз моск истифода намекунанд ва ноқизи қавонини пешгирӣ аз шуюъи корона дар кишвар ҳастанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард: пешгирӣ аз вируси корона ба ҳар як аз мардуми Тоҷикистон бастагӣ дорад, зеро агар қавонини беҳдоштиро риоят кунанд, метавонанд кишвари худро аз ин беморӣ наҷот диҳанд ва ҳарчӣ зудтар ба зиндагии одӣ баргарданд.

Вазорати тандурустӣ ба волидайн ҳам тавсия кард, ки бар риояти беҳдошти фардии кӯдакони худ назорат кунанду илзоми истифода аз моск дар маконҳои умумиро низ барои онҳо тавзеҳ диҳанд.