Август 07, 2020 21:17 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории 5 миллион сомонӣ дар парвариши моҳӣ дар Тоҷикистон

Аз ибтидои имсол то кунун ҳудуди 5 миллион сомонӣ дар санъати моҳигирии Тоҷикистон сармоягузорӣ шудааст.

Ба гузориши “Спутник”, ин маблағ муодили 498. 6 ҳазор доллар аст.

Ҳамчунин аз январ то июли имсол ҳудуди 832. 2 тон моҳӣ дар ҳавзҳову рӯдхонаҳои Тоҷикистон ба арзиши 15. 6 миллион сомонӣ тавлид шудааст.

Капур, капур – нуқра, капур – чаман ва гулмоҳӣ аз ҷумлаи моҳиҳои парваришӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар ҳоли ҳозир қимати ҳар килограм моҳии маҳаллӣ ба ҷуз гулмоҳӣ дар бозорҳои Тоҷикистон 30 то 40 сомонӣ ва қимати ҳар кило гулмоҳӣ ҳам 70 сомонӣ аст.