Август 08, 2020 15:31 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори мубталоён ба корона дар Тоҷикистон ва Туркия

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард: Бо шиносоии 41 мавриди нави ибтило ба коронавирус дар ин кишвар омори кулли мубталоён ба 7 ҳазору 706 нафар афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аҳ хабаргузории Анатолӣ, Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи шанбе дар баёнияе бо ишора ба фавти як нафари дигар бар асари КОВИД-19 дар ин кишвар шумори кулли қурбониёни коронаро 62 нафар эълом кард.

Фахриддин Куҷо, вазири беҳдошти Туркия низ бо ишора ба афзоиши шумори мубталоён ба бемории корона дар кишвараш бар зарурати иҷрои ҷиддии тадбирҳои муқобила бо ин беморӣ таъкид кард.

Бар асоси охирин омори  тандурустии Туркия шумори мубталоён ба корона дар Туркия дирӯз ба 238 ҳазору 450 нафар ва шумори ҷонбохтагон низ ба 5 ҳазору 813 нафар расидааст, ки то кунун беш аз 19 миллиону 548 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба бемории КОВИД-19 мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод 724 ҳазору 149 нафар ҷон бохта ва беш 12 миллион нафар низ беҳбуд ёфтаанд.

Барчасп