Шиносоии 39 мавриди нави КОВИД-19 бидуни фавт дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56276-Шиносоии_39_мавриди_нави_КОВИД_19_бидуни_фавт_дар_Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард: Дар 24 соати гузашта 39 бемори нави КОВИД-19 бидуни фавтида дар ин кишвар шиносоӣ шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 09, 2020 07:16 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 39 мавриди нави КОВИД-19 бидуни фавт дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард: Дар 24 соати гузашта 39 бемори нави КОВИД-19 бидуни фавтида дар ин кишвар шиносоӣ шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии тоҷикистон, то соати 10 субҳи рӯзи якшанбе нуҳуми августи 2020 теъдоди фавтидагон аз бемории КОВИД-19 дар кишвар бидуни афзоиш 61 нафар боқӣ мемонад.

Ҳамчунин аз 30 апрел то рӯзи якшанбе нуҳуми августи 2020 теъдоди мубталоён ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон ба 7 ҳазору 745 нафар расида, ки то кунун 6 ҳазору 528 нафар (84.2 дарсад) аз ин беморӣ дармон шудаанд.

Дар ин гузориш таъкид шудааст 94 нафар ба гумони мубтало шудан ба КОВИД-19 дар бемористонҳо бистарӣ мебошанд.

Як ҳазор нафар низ, ки ба шакли сабуки бемории вируси корона мубтало шудаанд, дар хонаҳои хеш таҳти назорати пизишкон мудово мешаванд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар 85 маркази дармонии ин кишвар барои муқобила бо вируси корона 7 ҳазору 500 пизишк ва 25 ҳазор ҳамшираи шафқат фаъолият мекунанд.