Август 09, 2020 19:28 Asia/Dushanbe
  • Ифшои 27 миллион сомонии фирори молиётӣ дар Суғд

Корманди раёсати хадамоти давлатии молиёт дар вилояти Суғд таи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ фирори молиётии фаолони бахши хусусии ин минтақа ба маблағи 27 миллиону 300 ҳазор сомониро ифшо карданд.

Ба гузориши тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, дар паи таҳқиқ аз фаолияти 330 фаоли бахши хусусӣ пинҳонкории молиётӣ ба маблағи 27 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ифшо гардид,ки 23 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ба бюджет бозгардонида шуд.

Гуфта мешавад,ки дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд 35 ҳазоуру 536 нафар ба унвони фоали бахши хусусӣ бо муҷаввиз фаолият мекунанд,ки онон таи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ маблағи 30 миллион сомонӣ молиёт пардохт кардаанд.

Теъдоди фаолони бахши хусусӣ дар вилояти Суғд таи шаш моҳи нахусти имсол дар моқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 904 нафар афзоиш ёфтааст.

Аммо ба далели густариши вируси карона ва таътилии касбу корҳо пардохти молиёт дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 5 миллиону 200 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Барчасп