Ҷойгоҳи 161 Тоҷикистон аз нигоҳи озодии матбуот
Созмони рӯзноманигорон бидуни марз бо қарордоди Тоҷикистон дар ҷойгоҳи 161 ҷаҳонӣ дар миёни 180 кишвар аз нигоҳи озодии матбуот, хостори тағйири бархурди мақомоти Душанбе бо расонаҳои мустақили хабарӣ ва эътоии муҷаввиз ба гузоришгарони хабаргузориҳои хориҷӣ шудааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, акнун баҳси озодии матбуот миёни мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои ғайридавлатии рӯзноманигорӣ бар сари чигунагии фаъолияти расонаҳои мустақили хабарӣ ва эътоии муҷаввиз ба гузоришгарони хабаргузориҳои хориҷӣ доғтар шуда аст . Мақомоти Тоҷикистон фишор ба расонаҳои хабарии мустақилро зарурати ҳифзи амнияти ин кишвар унвон мекунанд. Аммо намояндагони созмонҳои ғайридавлатии рӯзноманигорӣ муътақиданд, ки ин иқдоми як баҳона барои ташдиди фишор бар расонаҳои мустақили хабарӣ мебошад, ки ба ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон дар шохиси озодии фаъолияти матбуот латма мезанад . Иршоди Сулаймонӣ узви шӯрои миллии матбуоти мустақили Тоҷикистон муътақид аст, ки қонуни матбуоти ин кишвар, ки 25 сол қабл тасвиб шуда буд, посухгӯи шароити феълии ҷомеъа несту бояд мавриди ислоҳу тағйири воқеъӣ гардад . Ба ин далел, ки бандҳои ин қонуни муғойир бо таъаҳҳудоти байналмилалии Тоҷикистон дар бораи таъмини озодии фаъолияти матбуот ва расонаҳои хабарӣ мебошад .