Шиносоии 40 мавриди нави КОВИД-19 бидуни фавт дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56304-Шиносоии_40_мавриди_нави_КОВИД_19_бидуни_фавт_дар_Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард дар 24 соати гузашта 40 бемори нави КОВИД-19 бидуни фавтида дар ин кишвар шиносоӣ шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 10, 2020 06:32 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 40 мавриди нави КОВИД-19 бидуни фавт дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард дар 24 соати гузашта 40 бемори нави КОВИД-19 бидуни фавтида дар ин кишвар шиносоӣ шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то соати 10 субҳи рӯзи душанбе даҳуми августи 2020 теъдоди фавтидагон аз бемории КОВИД-19 дар кишвар бидуни афзоиш 61 нафар боқӣ мемонад.

Ҳамчунин аз 30 апрел то рӯзи душанбе даҳуми августи 2020 теъдоди мубталоён ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон ба 7 ҳазору 785 нафар расида, ки то кунун 6 ҳазору 573 нафар (84.4 дарсад) аз ин беморӣ дармон шудаанд.

Дар ин гузориш таъкид шудааст 89 нафар ба гумони мубтало шудан ба КОВИД-19 дар бемористонҳо бистарӣ ҳастанд ва 45 тан низ пас аз беҳбуд ёфтан аз марокизи дармонӣ мураххас шудаанд.

Як ҳазор нафар низ, ки ба шакли сабуки бемории КОВИД-19 мубтало шудаанд, дар хонаҳои хеш таҳти назорати пизишкон мудово мешванд.