Тасвиби шохисҳои рушди иқтисоди Тоҷикистон барои соли 2021
Ҳукумати Тоҷикистон шохисҳои асосии рушди иқтисоди ин кишвар барои соли 2021-ро тасвиб кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, бар асоси ин барнома дар соли 2021 мизони тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми 92 миллиарду 684 миллион сомонӣ (баробар бо 9 миллиарду 104 миллион доллар) таъйин шудааст.
Ҳамчунин рушди солонаи иқтисоди Тоҷикистон бо вуҷуди ҳамагирии вируси корона дар соли 2021 ба мизони 7.6 дарсад муқаррар шудааст.
Аз сӯи дигар бар асоси пешбинии ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2022 мизони тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми 102 миллиарду 97 миллион сомонӣ (баробар бо 10 миллиарду 100 миллион доллар) ва дар соли 2023, расидани ин шохис ба 115 миллиарду 84 миллион сомонӣ (баробар бо 11 миллиарду 36 миллион доллар) мадди назар аст.
Ҳамчунин мизони таваррум дар соли 2021 ба 6.9 дарсад, дар соли 2022 ба 6.8 дарсад ва дар соли 2023 ба 7.1 даҳуми дарсад хоҳад расид.
Ин дар ҳоле аст, ки хисоратҳои молии иқтисоди Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол дар паи густариши вируси корона 2 миллиард сомонӣ (баробар бо 196 миллион доллар) эълом шудааст.