Ширкати 4 нозир аз Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Белорусия
Чаҳор нозири тоҷик дар интихоботи президентии Беларус ширкат карданд.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон Разавӣи ба нақл аз сомонаи Тааси Русия,4 нозир аз Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Беларус ширкат карданд. Ин интихобот 9 август баргузор шуд.
Фарҳод Раҳимӣ раиси академияи миллии улум ва фановарӣ , Содиқ Ашуроф мушовири калони Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди масоили ҳуқуқӣ ва Юсуфбек Шодмонбеков ва Абдуллоҳ Раҳимов намояндагони комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон 4 нафаре буданд, ки аз Тоҷикистон ба унвони нозир дар ин интихобот ширкат карданд.
Нозирони тоҷик, инчунин, 18 август дар ҷаласаи Созмони нозирони байналмилалӣ дар Мински Беларус ширкат карданд.