Зиробиддин Қосимӣ-сухангӯи нави раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон шуд
(last modified Tue, 30 Jan 2024 09:58:50 GMT )
Январ 30, 2024 14:58 Asia/Dushanbe
  • Зиробиддин Қосимӣ-сухангӯи нави раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон шуд

Раиси ҷумҳури Тоҷкистон бо имзои фармонҳое сухангуи худро барканор ва нафар дигареро ба ин мақом таъйин кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бад-ин тартиб, бо ҳукми раиси ҷумҳури Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Шарифзода , ки аз соли 2004 вазифаи сухангӯи раёсати ҷумҳурии ин кишварро бар ӯҳда дошт, ба далели расидан ба синни нафақа( бознишастагӣ) барканор шуд.

 Раҳмон дар ҳукми дигаре Зиробиддин Қосимиро ба унвони сухангӯи нави раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб кард.

 Зиробиддин Қосимӣ соли 1967 дар минтақаи Данғараи вилояти Хатлони Тоҷикистон мутаваллид шуда ва дар соли 1991 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо тахассуси забонҳои шарқ (форсӣ ва арабӣ) ба поён расондааст.

 Вай дар солҳои мухталиф ба унвони сухангӯи Вазорати дифоъ, мушовири раиси ҷумҳур ва муовини сухангӯи раёсати ҷумҳурӣ, мудири хабаргузории давлатии «Ховар», сафири Тоҷикистон дар Арабистони саудӣ кор ва фаъолият кардааст.

 Қосимӣ қабл аз таъйин шудан ба симати сухангӯи ҷадиди раиси ҷумҳури Тоҷикистон раёсати сафорати ин кишвар дар Мисрро бар ӯҳда дошт.

Ӯ оиладор ва дорои 6 фарзанд буда, ба 3 забони хориҷӣ, аз ҷумла русӣ, арабӣ ва англисӣ ошноии комил дорад.